Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде
REKLAM ALANI

 

 

 

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде

.2023 , шаҳри Душанбе

7 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ давоми 30 соли шарикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд.

Зимни суҳбат оид ба ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат табодули андеша сурат гирифт.

Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.

Дар робита ба вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфии таъсиррасон ба иқтисоди миллӣ роҳандозии татбиқи ислоҳоти муттасил зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

 

kaynak:http://www.president.tj/node/30157?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI